Омодагии мақомоти корҳои дохилӣ ба давраи зимистон
Душанбе, 16.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавчуда Анварӣ).- Масъалаҳои омодагии раёсати қӯшунҳои дохилӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба зимистон, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва боз ҳам пурзӯр намудани фаъолияти фаврӣ-хизматӣ дар ҷаласае, ки дирӯз бо иштироки вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарону кормандони масъули ин ниҳод баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тибқи иттилои корманди ВКД Маҳбуба Гулова, Рамазон Раҳимзода ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва 20-солагии Сарқонуни кишвар ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дод.
Дар ҷаласа ҳамчунин ба масоили ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва қонуншиканиҳо, баланд бардоштани савияи касбии кормандон ва малакаю маҳорати онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






