Омодагии соҳаи нақлиёт барои зимистонгузаронӣ
Душанбе, 18.09.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Омодагии саривақтӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 масъалаи асосии ҷаласаи навбатии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон буд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати нақлиёт ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, шахсони масъул ба роҳбарияти вазорат оид ба масоили вазифаҳои рӯзмара ҳисобот дода, доир ба беҳтар намудани кор дар самтҳои мазкур дастурҳои мушаххас гирифтанд.
Зикр шуд, ки ҷараёни омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ то охири моҳи равон тафтиш гардида, натиҷаи он дар ҷаласаи якҷояи навбатӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар робита ба ин, шахсони масъул муваззаф гардиданд, то дар кӯтоҳтарин мӯҳлат ҳамаи камбудиҳои марбут ба чорабиниҳои тайёриро бартараф намоянд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






