Омодагии ВКД ба СҲШ ва истиқлолияти ҶТ
Душанбе, 03.09.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Тавре ки ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, дирӯз дар назди вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷаласа баргузор гардид, ки дар он масъалаҳо оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ зимни баргузории чорабиниҳои сиёсӣ- фарҳангии дар пешистода, аз ҷумла 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай матраҳ гардиданд.
Вазири корҳои дохилӣ ба масъулини соҳа дастур дод, ки дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайрибастии милитсия корро пурзӯр намуда, дар ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва қонуншиканиҳо фаъолият намоянд.
«Ҳамчунин дар ҷаласа зикр гардид, ки фаъолият дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фоҳишагӣ, даллагӣ, занҷаллобӣ, нигоҳдошти фоҳишахонаҳо ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз ҳам тақвият бахшида шавад», — хабар медиҳад сарчашма.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






