Омодасозии мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ

Сентябрь 5, 2014 14:15

Душанбе, 05.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар ҷаласаи ғайринавбатии Президиуми Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа оид ба натиҷаи омодасозии мутахассисон барои Артиши миллӣ таъкид шуд, ки ҳамасола  нақшаи тайёр  намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро раёсати ташкилӣ — сафарбаркунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа тасдиқ мекунад. Дар ҷаласа афсарони масъули ташкилот роҷеъ ба мавзўъҳои вобаста ба тайёр намудани мутахассисон барои адои хизмати ҳарбӣ ибрози назар намуданд. 
Раиси Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Гулмадов гуфт, ки сифати омодасозии мутахассисон барои эҳтиёҷоти артиш боз ҳам боло бардошта шуда, номгўи ихтисосҳо аз рўи зарурат ва сафарбарии воқеӣ ба хизмати ҳарбӣ муайян гарданд, зеро дар самти тайёр  намудани  мутахассисон дар  муассисаҳои  таълимии  тобеи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа баланд  бардоштани  сифати  таълим мавзўи асосӣ ва ҳалкунанда  аст.  
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз хадамоти матбуоти ТҶММ иттилоъ доданд. 
 
 

Сентябрь 5, 2014 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад