Омўзиши вазъи фаъолияти соҳибкорон қабл аз мулоқот бо Президент

Сентябрь 18, 2014 15:44

Душанбе, 18.09.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар доираи нақшаи чорабиниҳои  тасдиқнамудаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати баргузории мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ки 14- 15 октябри  соли ҷорӣ дар назар аст, роҳбарони  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат вохўриҳо доир менамоянд. 
Аз маркази матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки чунин мулоқотҳои судманду сермуҳтаво  16 сентябр дар шаҳри Қӯрғонтеппа, 17 сентябр дар  ноҳияи Рўдакӣ ва имрўз дар шаҳри Хуҷанд доир гардиданд. 
Ҳадаф аз ташкили мулоқотҳо, қабл аз ҳама аз омўхтани вазъи кунунии фаъолияти соҳибкорон, ҳалли мушкилоту қазияҳои онҳо иборат аст. 
Лозим ба зикр аст, ки феълан соҳаи соҳибкорӣ дар мамлакат беш аз пеш рушд мекунад ва натиҷаи он дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла истеҳсолот ба назар мерасад. Дар ҷараёни мулоқотҳо ҳозирин нисбат ба як силсила масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили саддҳои маъмурӣ, мушкилоти молиявӣ, вазъи андозбандии кунунӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба  қонунгузорие, ки дастгирии давлатии соҳибкоронро танзим менамояд ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ  аз ҷониби Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар бобати гузаронидани ислоҳоти давра ба давра ва маҷмўии қонунгузорӣ, навсозии истеҳсолот ва равандҳои технологӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ, тақвияти ҳамкориҳои давлат бо бахши хусусӣ, мукаммалсозии низоми қарздиҳӣ ва молиявии дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ, пешниҳоди субсидияҳои давлатӣ ва қарзҳои имтиёзнок ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна, беҳтар намудани сифат, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва содирот корҳои мақсаднок идома дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2013, №1146 ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд ва ё техникаю технологияҳои навинро барои васеъ намудани на кам аз нисфи истеҳсолот ҷалб менамоянд, ба муҳлати се сол мораторий эълон карда шуд. Ҳамчунин тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2013, №34 Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” таъсис дода шуд, ки ҳадафи  асосии фаъолияти он додани қарзҳои имтиёзнок барои таъсис ва рушди соҳибкории истеҳсолӣ мебошад. 
Мулоқоти роҳбарони вазорату идораҳо бо соҳибкорон ва сармоягузорони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ идома дорад. Рўзҳои наздик   чунин мулоқотҳои судманд дар ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода ва навоҳии водии Рашт  баргузор мегарданд.
 

Сентябрь 18, 2014 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд