Озмуни «Ҳифзи муҳити зист» ҷамъбаст шуд
Душанбе, 08.09.2014 (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Имрӯз дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти озмун бахшида ба ҷашни 20-солагии қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасманд гардонидани кормандони воситаҳои ахбори омма ҷиҳати ташвиқу тарғиби соҳаи ҳифзи муҳити зист, ба ин васила мусоидат ба ҳалли мушкилоти экологӣ дар байни рӯзноманигорон таҳти унвони «Ҳифзи муҳити зист» дар мавзӯъҳои мухталифи экологӣ доир шуд.
Давраи қабули мавод аз 1-уми март то 25-уми августи соли 2014 муқаррар гардида, дар ин муддат ба комиссия 41 мавод, аз ҷумла 7 маводи телевизионӣ, 9 маводи радиоӣ ва 25 маводи матбуотӣ аз ҷониби журналистони телевизион, радио ва матбуот ворид шуданд.
Аз рӯи маводи телевизионӣ Шералӣ Мустафоқулов -аз Шабакаи якуми ТВТ барои лавҳаи телевизионӣ дар мавзўи: «Тараннуми диёри обшор» бо Ифтихорномаи дараҷаи I ва маблағи 600 сомонӣ; Фирӯзи Азиз — ТВ “Сафина”, барои барнома дар мавзӯи «Тағирёбии иқлим ва таъсири он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Ифтихорномаи дараҷаи II ва маблағи 500 сомонӣ; Мастонаи Мӯъминҷон — Шабакаи телевизион ва радиои «Азия»-и вилояти Суғд, барои барномаи «Интихоби ман-муҳити тоза» бо Ифтихорномаи дараҷаи III ва маблағи 400 сомонӣ мукофотонида шуданд.
Барои иштироки фаъолона дар озмуни мазкур рӯзноманигорони дигар низ бо мукофотҳои пулию ҳавасмандӣ мукофотонида шуданд. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ мукофотҳоро супорид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






