Озмуни «Рӯдакихонӣ» дар Суғд
Душанбе, 15.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Бахшида ба 20 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 22 — уми сентябри соли равон озмуни вилоятии «Рӯдакихонӣ» баргузор мегардад.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, озмун бо мақсади арҷ гузоштан ба қимати ашъори ноби падари шеъри форсӣ — тоҷикӣ — Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав баргузор мешавад.
Озмун дар як давр гузаронида шуда, дар он ҷавонону наврасони аз 10 то 30- сола метавонанд иштирок намоянд. Ғолибони озмун бо туҳфаҳо ва сипосномаи Раёсати фарҳанги вилоят сарфароз гардонида мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






