П. Виверс-Картер: Модели нави рушдро дар Тоҷикистон ба роҳ монем
Душанбе, 4.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи нави Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картерро ба ҳузур пазируфт.
Баъди мулоқот Намояндаи нави Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба хабарнигорон андешаҳояшро чунин иброз намуд:
«Ин вохӯрии аввалини ман бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ман хеле хушҳолам, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорам, чунки Тоҷикистон кишварест, ки бо мардуми шариф ва табиати зебои худ дар тамоми ҷаҳон обрӯю эътибор пайдо намудааст. Дар оянда ният дорам, ки аз минтақаҳои гуногуни ин кишвари зебо дидан намуда, бо мардуми сарбаланди он аз наздик ошноӣ пайдо намоям.
Мо умедворем, ки тавассути амалӣ намудани се афзалият-дастгирии бахши хусусӣ тавассути беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рақобатпазирӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини дастрасии мардум ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ки аз афзалиятҳои кори Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аст, ба мақсадҳои худ хоҳем расид».
— Дар оянда тамоми кӯшишҳои худро ба харҷ медиҳам, то ки бо мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, якҷоя модели нави рушдро дар Тоҷикистон ба роҳ монем. Ба ин васила имконият медиҳем, ки сохтори хусусӣ рушд ёбад ва мардум ба хизматрасониҳои асосӣ хусусан дар соҳаи маориф, тандурустӣ, энергетика ва инчунин ба хизматрасониҳои об дастрасӣ дошта бошанд,-афзуд Патрисия Виверс-Картер.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






