Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба корманди милитсия
Душанбе, 02.09.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Тавре ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дирӯз Ваколатдори калони гурӯҳи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири шуъбаи ВКД-и шаҳри Норак Нуриддин Ҷӯраев бо роҳи тамаъҷӯӣ дастгир шуд.Тибқи маълумоти сарчашма шаҳрванд Икромов, сокини шаҳри Норак ба Раёсати агентӣ дар вилояти Хатлон бо ариза муроҷиат намуда, аз ҷумла дарҷ намудааст, ки номбурда бо сӯйистифода аз ваколатҳои мансабии худ барои ба қайд нагирифтан ва рӯйпӯш намудани ҷиноят оид ба муносибати ғайриқонунӣ ба воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, ки аз ҷияни шаҳрванд Икромов ба гуфтаи худ дарёфт намудааст, аз ӯ маблағи 500 доллари амрикоӣ ба сифати пора талаб кардааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ- тафтишотӣ Н. Ҷӯраев ҳангоми гирифтани маблағи 300 доллари амрикоӣ дастгир гардида, аз ӯ далелҳои шайъӣ ёфта гирифта шуданд. Нисбат ба ин ҳодиса бо моддаи 319 қисми 2 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш дар ин самт идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






