Пасандозҳои шахсони воқеӣ меафзоянд
Душанбе, 30.09.201. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-Зиёд шудани пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба воситаи ҷалби онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ идома дорад. Бақияи амонатҳо тибқи маълумотҳои оморӣ дар охири моҳи августи соли ҷорӣ 6’167,9 млн.сомониро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 16,9 фоиз зиёд аст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки 34,1 фоиз (2’101,6 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 65,9 фоиз (4’066,3 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҷалби маблағҳои шахсони воқеӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ бештар гардидааст. Баъди ҷамъбасти маълумотҳои оморӣ дар ҳашт моҳи соли 2014 маълум гардид, ки фоизҳои миёнавазни амонатҳо бо пули миллӣ 15,11 фоизи солона ва амонатҳо бо асъори хориҷӣ 12,11 фоизи солонаро ташкил намуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






