Пирӯзии тими мунтахаби ҷавонон ба дастаи Сингапур
Душанбе, 15.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Футболбозони тоҷик дар нахустин даври сабқати гурӯҳӣ дар Бозиҳои XVII осиёӣ, дирӯз ба мунтахаби Сингапур пирӯз шуданд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Ансан-Ва» баргузор гардид.
Бино ба иттилои сомонаи Кумитаи миллии олимпии кишвар голи ягонаро ҳимоятгар Сиёвуш Асроров дар дақиқаи 87-ум ба самар расонд ва ҳамин тавр тими мунтахаби Тоҷикистон бо ин ғолибият се имтиёз ба даст овард.
Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқаи футбол аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ, ки то 2 октябр дар Инчони Куриёи Ҷанубӣ баргузор мешавад, 29 дастаи мунтахаби мардона (U-23) ширкат меварзад. Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба 8 гурӯҳ тақсим шудаанд. Панҷ гурӯҳ аз чаҳордастаӣ ва се гурӯҳ аз седастаӣ иборатанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба 1/8 финал мебарояд. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон мувофиқи натоиҷи қуръакашӣ ба гурӯҳи «С» ҳамроҳи тимҳои Уммон, Фаластин ва Сингапур шомил аст. Дар мавриди ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфтани мунтахаби Тоҷикистон рақибаш яке аз тимҳои гурӯҳи «D» (Ҷопон, Кувайт, Ироқ ва Непал) мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






