Пирӯзии варзишгарони Тоҷикистон бар Уммон
Душанбе, 23.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тими футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон (U-23) дар охирин лаҳзаҳои бозии ниҳоии мусобиқоти гурӯҳӣ дар Бозиҳои Осиё дар Кореяи ҷанубӣ тавонист тӯбро вориди дарвозаи Уммон кунад ва ба даври баъдии мусобиқот роҳхат бигирад. Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, дар бозии дуюми гурӯҳи «С» тими Фаластин, ки баъди ду даври аввал бо 6 имтиёз дар мақоми аввал буд, аз Сингапур шикаст хӯрд. Аммо бо ин вуҷуд тими Фаластин бо 6 имтиёз дар мақоми аввал монд. Тоҷикистон низ баъди пирӯзӣ бар Уммон соҳиби 6 имтиёз гардид.
Дар мусобиқаи футболи Бозиҳои XVII-и осиёӣ, ки то 2 октябр дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, 29 дастаи мунтахаби мардона (U-23) ширкат меварзад.
Гуфта мешавад, тибқи регламент ё тартиби Бозиҳои осиёӣ дар мусобиқа футболбозони то 23-сола (соли таваллудашон 1991 ва аз он хурд) иштирок мекунанд. Инчунин ҳар як даста ҳуқуқ дорад, ки се футболбози аз 23-сола болоро ба ҳайат ворид намояд. Ин се футболбози бузургсол — дарвозабон АлишерТӯйчиев, нимҳимоятгар Фатҳулло Фатҳуллоев ва ҳамлагар Дилшод Восиев мебошанд.
Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба 8 гурӯҳ тақсим шудаанд. Панҷ гурӯҳ аз чаҳордастаӣ ва се гурӯҳ аз седастаӣ иборатанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба 1/8 финал мебарояд. Тоҷикистон акнун дар даври ҳаштякниҳоӣ бо Ироқ — ғолиби гурӯҳи «D» рақобат хоҳад кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






