Пленуми VI -уми ДОСААФ — и ИДМ
Душанбе, 23.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҷаласаи Пленуми шашуми созмонҳои мудофиавӣ ва ҳарбӣ — техникии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 23 — юми сентябр дар шаҳри Қайроқум доир гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, онро Раиси кумита генерал — майори гвардия Музаффар Гулмадов, ки ҳамзамон муовини раиси Шўрои Марказии ДОСААФ — и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шумор меравад, ифтитоҳ намуд.
Номбурда зикр намуд, ки танҳо дар якҷоягӣ ва иттиҳод бо дигар кишварҳое, ки ҳадафу манфиати муштарак доранд, метавон дар мубориза бо таҳдид ва хатарҳои замони муосир муваффақ буд. Дар ҳамин асос пойдор нигоҳ доштани низомҳои аллакай амалкунандаи амнияти дастаҷамъӣ муҳимияти калон доранд. Аз ин ҷост, ки ба рушди ҳамкорӣ байни созмонҳои мудофиавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил диққати махсус дода мешавад.
Раиси Шўрои марказии ДОСААФ — и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил генерал — полковник Сергей Маев таъкид намуд, ки ҷамъиятҳои мудофиавии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вазифаҳои муштаракро ба маврид иҷро мекунанд. Миёни онҳо — тарбияи ҳарбӣ — ватандўстии шаҳрвандон, тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратӣ, соҳибихтисосони тахассусҳои оммавӣ — техникӣ, рушди намудҳои варзиши авиатсионӣ, техникӣ ва ҳарбӣ амалӣ, эҷоди техникии ҷавонон авлавият доранд.
Фаъолияти созмонҳои мудофиавӣ ва варзишӣ — техникии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бахши варзиш низ рӯ ба пешрафт аст. 26 намуди варзиши авиатсионӣ, техникӣ ва ҳарбӣ — амалиро ҷамъбандӣ ва ҳамоҳанг карда, ҷамъиятҳои мудофиавӣ дар мустаҳкам шудани эътибори байналмилалии кишварҳо саҳм мегиранд.
Мусоидат дар татбиқи барномаҳои мубориза бо терроризм, ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, амнияти ҳаркат дар роҳ, рафъ намудани оқибатҳои садама, офатҳои табиӣ, дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва таъмини шуғли аҳолиро иштирокдорони ҷаласа муҳим шумориданд.
Шўрои марказии созмонҳои мудофиавӣ ва варзишӣ — техникии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар нақша дорад, ки ба ҳамоҳангии тайёрӣ ва таъмини ширкати дастаҳои мунтахаби варзиши авиатсионӣ, техникӣ ва ҳарбӣ — оммавӣ дар мусобиқоти байналмилалӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳад.
Имрўз дар сафҳои худ Иттиҳоди созмонҳои мудофиавӣ ва варзишӣ — техникии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зиёда аз 9 миллион нафарро муттаҳид мекунад. Ҳоли ҳозир ҳамкории ҷамъиятҳои мудофиавӣ дар чаҳорчўбаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ фаъол гардидааст. Бо назардошти наздик омадани 70-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қарор шуд, ки ба ин муносибат барномаи чорабиниҳои муштарак таҳия ва мувофиқа шавад.
Ҳамбастагии созмонҳои мудофиавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил инъикосгари анъанаҳои таърихии дўстона аст, ки миёни кишварҳои мо побарҷост.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






