«Пойтахт-90» дарҳои худро ба муштариён боз менамояд
Душанбе, 4.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Маҷмааи савдои «Пойтахт-90», ки бо харҷи беш аз 205 миллион сомонӣ дар маркази Душанбе сохта шудааст, 5 сентябр дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. Интизор меравад, ки дар расми ифтитоҳи ин маҷмааи савдои замонавӣ Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе ширкат намоянд.
Маҷмааи савдои муосир дар кӯчаи «Меҳнат»-и ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе дар масоҳати беш аз 17 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, аз се ошёна ва фурӯшгоҳи тобистона бо масоҳати 2500 метри мураббаъ иборат аст.
Маҷмааи савдои замонавӣ, ки ба ифтихори ҷашни 90-солагии Душанбе номи рамзии «Пойтахт-90»-ро гирифтааст, дар асоси фармоиши шаҳрдории Душанбе аз ҷониби ҶДММ «Строй-комплекас» дар зарфи ду сол сохта шудааст. Маҷмааи савдои «Пойтахт-90» дорои тамоми шароитҳои мусоиди замонавӣ буда, дар мавриди ба истифода додани он 900 нафар бо ҷойи кор таъмин мегардад, ки ин раванд ба беҳдошти вазъи иҷтимоии мардум ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






