Президент: «Ташаббуси соҳибкорон дастгирӣ шавад»
Душанбе, 5.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Ҳукумати мамлакат пайваста кӯшиш менамояд, ки ҳар як ташаббуси неку созандаи соҳибкорон ҳамаҷониба дастгирӣ шавад, зеро рушди соҳибкориву бахши хусусӣ омили муҳими рушди кишвар, сарчашмаи ғанӣ гардидани буҷет, воситаи асосии ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум маҳсуб меёбад». Ин нуктаро Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Рахмон 5 сентябр зимни суханронияш дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи савдои «Пойтахт-90»зикр намуд. Таъкид гардид, ки агар дар соли 2005 дар соҳаи савдову хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе 27 ҳазор нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда бошад, алҳол ин омор беш аз 36 ҳазорро ташкил медиҳад. Яъне, дар зарфи нуҳ сол шумораи соҳибкорон 9 ҳазор нафар зиёд шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки Маҷмааи тиҷоратии «Пойтахт-90» яке аз бузургтарин марказҳои савдои муосир дар пойтахт буда, он бо харҷи беш аз 205 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷаи шаҳри Душанбе дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бунёд гардидааст. Дар сохтмони ин маҷмааи муосири тиҷоратӣ дар қатори сохтмончиёни ватанӣ, инчунин мутахассисон аз Туркия низ саҳм гузоштаанд.
Ифтитоҳи Маркази савдои “Пойтахт — 90” дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар марказҳои савдову хизматрасонӣ дар қонеъ намудани ниёзҳои мардум бо маҳсулоти ғизоӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии мардум нақши муассир мегузорад, зеро то ҷое мусаллам аст, баробари ба фаъолият шурӯъ кардани Маҷмааи тиҷоратии «Пойтахт-90» беш аз 900 нафар шаҳрванд бо ҷои кори доимӣ таъмин мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






