Президент: «Ташаббуси соҳибкорон дастгирӣ шавад»

Сентябрь 5, 2014 10:10

       Душанбе, 5.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Ҳукумати мамлакат пайваста кӯшиш менамояд, ки ҳар як ташаббуси неку созандаи соҳибкорон ҳамаҷониба дастгирӣ шавад, зеро рушди соҳибкориву бахши хусусӣ омили муҳими рушди кишвар, сарчашмаи ғанӣ гардидани буҷет, воситаи асосии ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум маҳсуб меёбад». Ин нуктаро Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Рахмон 5 сентябр зимни суханронияш дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи савдои «Пойтахт-90»зикр намуд.    Таъкид гардид, ки агар дар соли 2005 дар соҳаи савдову хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе 27 ҳазор нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда бошад, алҳол ин омор беш аз 36 ҳазорро ташкил медиҳад. Яъне, дар зарфи нуҳ сол шумораи соҳибкорон 9 ҳазор нафар зиёд шудааст.
         Бояд тазаккур дод, ки Маҷмааи тиҷоратии «Пойтахт-90» яке аз бузургтарин марказҳои савдои  муосир дар пойтахт буда, он бо харҷи беш аз 205 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷаи шаҳри Душанбе дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бунёд гардидааст. Дар сохтмони ин маҷмааи муосири тиҷоратӣ дар қатори сохтмончиёни ватанӣ, инчунин мутахассисон аз Туркия низ саҳм гузоштаанд. 
       Ифтитоҳи Маркази савдои “Пойтахт — 90” дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар марказҳои савдову хизматрасонӣ дар қонеъ намудани ниёзҳои мардум бо маҳсулоти ғизоӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии мардум нақши муассир мегузорад, зеро то ҷое мусаллам аст, баробари ба фаъолият шурӯъ кардани Маҷмааи тиҷоратии «Пойтахт-90» беш аз 900 нафар шаҳрванд бо ҷои  кори доимӣ таъмин мегардад.
 
 
 
 
 

Сентябрь 5, 2014 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар