Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯ…
Душанбе, 26.09.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар хобгоҳи №9 -и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, ки дар он ҷавонписарони донишҷӯ тибқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд, чорабинии адабию фарҳангӣ бахшида ба 10-рӯзи «Рӯдакихонӣ» дар мавзӯи «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯ» доир гардид.
Тавре ки аз Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ иттилоъ доданд, дар чорабинӣ донишҷӯён роҷеъ ба ҳаёт ва эҷодиёти қофиласолори адабиёти классики форсу тоҷик барномаи рангини тарбиявӣ омода намуда, аз ҷумла ғазалсароӣ, сурудхонӣ, латифагӯи, рубоию қасидасароӣ карда, саҳначаҳои ҳаҷвӣ нишон доданд.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки донишҷӯписарон доир ба ҳаёт ва фаъолияти устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ шеърҳо низ қироат намуданд. Донишҷӯи курси сеюми факултаи биология — химия Мулобобо Азизов аз ашъори шоир сурудҳоро ба тариқи зинда хонд ва магистранти соли якуми факултаи филологияи тоҷик Насим Орифов аз рӯзгори ибратбахши Маликушшуаро қиссаҳо нақл кард.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқҳои касабаи донишгоҳ дотсент Аюбҷон Усмонов, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ дотсент Равшан Усанов ва як зумра устодони донишгоҳ сухан гуфтанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






