Р.Гулшанов: Барои ман Тоҷикистон як порчаи биҳишт аст
Душанбе, 08.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Истиқлолият рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстии мо мебошад»,-зикр намудааст Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханронии худ. Бобати дастовардҳои макомоти шуғли аҳолӣ дар даврони истиқлолият сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шағли аҳолии ҶТ Раҷабалӣ Гулшанов андешаҳояшро чунин иброз намуд:
-Мақомоти шуғли аҳолӣ то даврони истиқлолият қариб, ки дар мадди назар ноаён буданд. Пас аз ба даст овардани истиқлолият, аз соли 1992 сар карда, он чун раёсат, баъдан чун хадамоти шуғли аҳолӣ ва дар айни замон чун Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ фаъолият дорад.
Ҳар сол ба мо қариб 100 ҳазор шаҳрванди бекор муроҷиат мекунад, ки аз ин теъдод аз нисф бештари онро мо бо ҷои кор таъмин мекунем. Дар тӯли 7 соли оянда мо бояд 1 миллион шаҳрвандони бекорро ба касбомӯзӣ ҷалб намоем.
Дар айни замон теъдоди марказҳои мо дар тамоми ҷумҳурӣ ба 25 филиал расидааст. Дар нимсолаи аввал мо зиёда аз 4 ҳазор духтарону занони хонашинро ба омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намуда, омодаи касб кардем. Мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати ба корҳои фаръӣ ва соҳибкорӣ ҷалб намудани шаҳрвандони диққати ҷиддӣ медиҳанд.
Агар солҳои аввали таъсиси мақомоти агентӣ ба шаҳрвандон барои корҳои фардӣ 100-200 ҳазор сомонӣ кумакҳои молӣ, яъне қарзҳои имтиёзнок додем, имрӯз мо аз рӯи се раванд- хизматрасонӣ, тиҷорат ва истеҳсолот бештар қарзҳои имтиёзнок медиҳем. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки ин иқдом самараи нек медиҳад. Дар ин раванд мо бо ташкилоту идораҳо ҷиҳати таъсис додани ҷойҳои нави корӣ низ корҳо бурда истодаем.
Хурсандиовар он аст, ки ҳамарӯза ба мо 10-12 нафар шаҳрванд муроҷиат мекунад. Дар айни замон мақомоти агентии мо дар тамоми ҷумҳурӣ фаъолият мекунад. Мо ба шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони меҳнатӣ, оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ кумаки худро мерасонем, ки ин ҳама, бешубҳа, самараи истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки имрӯз ҳар як тоҷикистонӣ бо он мефахрад, ки дар давру замони осоишта фаъолият дорад. Барои ман Тоҷикистон як порчаи биҳишт мебошад.
Ман ба ҳамаи тоҷикон муроҷиат карда гуфтаниам, ки Ватани маҳбубамонро дӯст доранд ва барои шукуфоии он кӯшиш намоянд. Барои мардуми тоҷик дар ин ҷашни пуршукӯҳ хонаободӣ, тинҷию амонӣ ва хушнудиро таманно дорам. Бигзор ҳар субҳи мардуми тоҷик пурсафову беғубор бошад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






