Р.Гулшанов: Барои ман Тоҷикистон як порчаи биҳишт аст

Сентябрь 8, 2014 15:12

Душанбе, 08.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Истиқлолият  рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстии мо мебошад»,-зикр намудааст Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханронии худ. Бобати  дастовардҳои макомоти шуғли аҳолӣ дар даврони истиқлолият сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шағли аҳолии ҶТ Раҷабалӣ Гулшанов андешаҳояшро чунин иброз  намуд:
 -Мақомоти шуғли аҳолӣ то даврони истиқлолият қариб, ки  дар мадди  назар ноаён буданд.  Пас  аз ба даст овардани истиқлолият,  аз соли 1992 сар карда,  он чун раёсат, баъдан чун хадамоти шуғли аҳолӣ ва дар айни замон чун Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ фаъолият дорад. 
Ҳар сол ба мо қариб 100 ҳазор шаҳрванди бекор муроҷиат мекунад, ки аз ин теъдод аз нисф бештари онро мо  бо  ҷои кор таъмин мекунем. Дар тӯли 7 соли оянда мо бояд 1 миллион шаҳрвандони бекорро ба касбомӯзӣ ҷалб намоем.
Дар айни замон теъдоди марказҳои мо дар тамоми ҷумҳурӣ  ба 25 филиал расидааст. Дар нимсолаи аввал мо зиёда аз 4 ҳазор духтарону занони хонашинро ба омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намуда, омодаи касб кардем.  Мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати ба корҳои фаръӣ ва соҳибкорӣ ҷалб намудани шаҳрвандони диққати ҷиддӣ медиҳанд. 
Агар солҳои аввали таъсиси мақомоти агентӣ ба шаҳрвандон барои корҳои фардӣ 100-200 ҳазор сомонӣ кумакҳои молӣ, яъне қарзҳои имтиёзнок  додем,  имрӯз мо аз рӯи се раванд- хизматрасонӣ, тиҷорат ва истеҳсолот бештар қарзҳои имтиёзнок медиҳем. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки ин иқдом самараи нек  медиҳад. Дар ин раванд мо бо ташкилоту идораҳо ҷиҳати таъсис додани ҷойҳои нави корӣ низ корҳо бурда истодаем. 
Хурсандиовар он аст, ки ҳамарӯза ба мо 10-12 нафар шаҳрванд муроҷиат мекунад.  Дар айни замон мақомоти агентии мо дар тамоми ҷумҳурӣ фаъолият мекунад. Мо ба шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони меҳнатӣ, оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ  кумаки худро мерасонем, ки ин ҳама, бешубҳа, самараи истиқлолияти давлатӣ мебошад. 
Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки имрӯз ҳар як тоҷикистонӣ бо он мефахрад, ки дар давру замони осоишта фаъолият дорад. Барои ман Тоҷикистон як порчаи биҳишт мебошад. 
Ман ба ҳамаи тоҷикон  муроҷиат карда гуфтаниам, ки Ватани маҳбубамонро дӯст доранд ва барои шукуфоии он кӯшиш намоянд. Барои мардуми тоҷик дар ин ҷашни пуршукӯҳ хонаободӣ, тинҷию амонӣ ва хушнудиро таманно дорам. Бигзор ҳар субҳи мардуми тоҷик пурсафову беғубор бошад. 
 

Сентябрь 8, 2014 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!