«Рассомони наврас»-ҷашнвораи ҷумҳуриявӣ
Душанбе, 25.09.2014.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов ҷашнвораи ҷумҳуриявии «Рассомони наврас» баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории ҷашнвора ташаккули ҳисси зебоипарастии наврасон, инчунин дастгирии мактаб, студия ва коллеҷҳои санъати тасвирӣ мебошад.
Дар ҷашнвора омӯзгорон ва рассомони навраси мактабҳои санъати тасвирӣ ва студияҳо расмҳои худро мавриди назари тамошобинон гардониданд.
Гуфта мешавад, ки ҳар як асари офаридаи кӯдакон тавассути забони олами гулҳои рангин, ҳисси аҷиби кӯдакона, нигоҳи ҷозибадори наврасон, муҳиту олами дилангези атроф бо мо дар гуфтугӯянд.
Бояд гуфт, ки дар ҷашнвораи мазкур ҳамчунин рассомони наврас аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ асарҳои рассомии худро ба тамошо гузоштанд, ки мавзӯъҳои гуногунро дар бар мегирифт ва бо тахайюлоти рангин рӯи коғаз омадаанд.
Маҳсули дасти хонандагон- беш аз 100 адад асари рассомӣ, кулолгарӣ, бофандагӣ, наққошӣ, кандакорӣ ва дигар офаридаҳои ҳунарӣ ба ҳозирин намоиш дода шуд. Дар анҷом ба рассомони ҷавон барои асарҳои рассомии беҳтарин туҳфа ва ифтихорномаҳо супорида шуданд.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






