Рейди муштараки «Тоҷикстандарт» ва «Тоҷикматлубот»
Хоруғ, 2.09.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Мутахассисони раёсати «Тоҷикстандарт» муштаракан мутобиқи нақша дар бозори марказии шаҳри Хоруғ сифати маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили ширу гӯшт, меваю сабзавот ва маводи ғизоиро мавриди санҷиш қарор доданд.Ҳадаф аз баргузории чунин санҷишҳо таҳкими қонун дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, бехатарии маҳсулот, ба талаботи стандартӣ мувофиқ кардани хизматрасонӣ дар бозор мебошад, зеро ба қавли коршиносони соҳа баъзе аз тоҷирону фурӯшандагони маводи хӯрокӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ талаботҳои умумии стандарт ва беҳдоштию гигиениро риоя накарда, бо ҳамин саломатии харидоронро дар хатар мегузоранд. Дар ҳоле, ки ҳар як бозор бо сертификати мутобиқат таъмин буда, сари ҳар чанд вақт тоҷирону соҳибкорон бо қоидаҳои умумии стандарт ошно мешаванд. Ба гуфтаи мудири бахши шуъбаи назорати ин раёсат Озодбахт Мародҳусейнов дар давоми ду рӯз фаъолияти 13 мағоза, 6 ошхона ва 7 дӯкони гӯштфурӯшӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






