Ректори ДДОБ- Доктори фахрии ДДОТ
Душанбе, 15.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М.Акмулло, профессор Раил Асадуллин бо унвони олии Доктори фахрии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ сарфароз гардид.
Тавре ки котиби матбуоти донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар оғози ҷаласа ректор Абдуҷаббор Раҳмонов перомуни тақвияти ҳамкориҳо ва тасвиби созишномаҳо изҳори андеша намуда, дар ин ҷода саҳми Р.Асадуллинро ниҳоят назаррас арзёбӣ кард. Дар такя бар гуфтаи ӯ, маҳз дар заминаи равобити ҳасанаи дуҷониба имкон фароҳам омада, ки донишҷӯёни мо дар Донишгоҳи омӯзгории Бошқирдистон дар зинаи магистратура, аспирантура ва докторантура идома таҳсил намоянд.
Дар идомаи ҷаласа Р.Асадуллин оид ба самтҳои фаъолият ва факултаю ихтисосҳои донишгоҳашон маърӯзаи пурмуҳтаво қироат намуд. Ӯ, ҳамзамон, дар хусуси истифодаи самараноки технологияҳои коммуникатсионӣ дар раванди таълим маълумоти судманд баён дошт.
Дар ҷамъомад А.Раҳмонов ба Р.Асадуллин унвони Доктори фахриро, ки аз ҷониби ҳайати Шӯрои олимон бо якдилӣ тасдиқ гардид, тақдим намуд.
Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори бевоситаи сарвари таълимгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов соли 2013 Низомномаи Доктори фахрии Донишгоҳи омӯзгорӣ таҳия гардида, аз ҷониби ҳайати Шӯрои олимон тасдиқ шуд. 27-уми ноябри ҳамон сол директори Маркази хайриявии «Умед» А.А.Когай, ки шаҳрванди Ҷумҳурии мардумии Чин мебошад, ба гирифтани ин унвон мушарраф гардид. Р.Асадуллин дувумин нафарест, ки ин унвони олиро соҳиб мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






