С. Аслов ҳайати бонуфузи Қатарро ба ҳузур пазируфт
Душанбе, 19.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҳайати баландпояи Давлати Қатарро, ки таҳти роҳбарии раиси Шӯрои директорони холдинги “Издон” шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот масоили марбут ба муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Қатар, имкониятҳои сармоягузорӣ, таъсиси аввалин бонки исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, суғуртаи исломӣ, тандурустӣ ва бунёди фондҳои хайриявӣ матраҳ гардиданд. Ҳайати қатарӣ зимни мулоқот изҳори омодагӣ намуд, то дар татбиқи лоиҳаҳои кишвари мо иштироки фаъол дошта бошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






