С.Аслов сафири нави Қирғизистонро қабул намуд
Душанбе, 3.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- 2 сентябри соли 2014 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов нусхаи Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирослав Ниязовро қабул намуд.
Зимни суҳбати дӯстона вазир зикр кард, ки ҷониби Тоҷикистон аз таъйини дубораи чунин шахси дар ҳар ду кишвар обрӯманд ба ҳайси сарвари намояндагии Қирғизистон истиқбол менамояд. Вай таъкид сохт, ки роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон азми қавӣ дорад, ки бо такя ба анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ тамоми масоили рӯзмарраро ҳалл намуда, рушди ҳамкориҳои миёни ду кишвар ва мардуми бародарро дар фазои суботу тафоҳум таъмин намояд. С.Аслов изҳори умедворӣ кард, ки мулоқоти қарибулвуқӯи президентҳои ҳар ду кишвар дар ҳошияи ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар Душанбе ба ин раванд такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Сафири Қирғизистон дар навбати худ аҳамияти таҳкими муносибатҳои шарикона бо Тоҷикистонро барои кишвараш таъкид карда, иброз дошт, ки тамоми кӯшиши худро барои бартарафсозии мушкилоти мавҷуда ва рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳо бар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ равона хоҳад кард. Вазири корҳои хориҷӣ ба ӯ дар ин вазифаи фахриву пурмасъулият комёбиҳо таманно кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






