С. Азизро намояндагони расмӣ истиқбол гирифтанд
Душанбе, 11.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Сартоҷ Азиз- мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ ҷиҳати иштирок дар Саммити сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай 11 сентябр ба Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сартоҷ Азизро намояндагони расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуданд.
Интизор меравад, ки Сартоҷ Азиз бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вохӯрда, масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистонро дар заминаҳои сиёсат, иқтисод ва масоили марбут ба амнияти минтақа матраҳ хоҳад кард.
Покистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони Созмони ҳамкории Шанхай ба ҳайси намоянда ширкат меварзад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






