Саҳми Ҷопон дар рушди соҳаи маориф
Душанбе, 04.09.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Лоиҳаи «Барқарорсозии мактаби миёнаи №25 дар деҳаи ба номи Кирови ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар» дар чаҳорчӯбаи барномаи Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ моҳи августи соли ҷорӣ муваффақона анҷом ёфт. Дар доираи грант ба маблағи 117,261 ҳазор доллари ИМА се бинои асосии мактаб ва бинои варзишгоҳ барқарор шуданд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, аз тариқи лоиҳаи мазкур биноҳои мактаби №25 аз таъмири куллӣ бароварда шуда, дар он шароити фароҳам барои донишомӯзӣ барои зиёда аз 700 хонанда омода гардид.
Кумакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешаванд. Лоиҳаҳои амнияти башарӣ дар бахши аъзами аҳолӣ 320 лоиҳаро ба маблағи умумии $25.5 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






