Сабқати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XVII осиёӣ
Душанбе, 26.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Варзишгарони тоҷик дар шаш рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар ҳашт намуд ширкат карданд, вале медал ба даст наоварданд.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, дар сабқати дзюдо се варзишгари тоҷик – Расул Абдушарифов (-66 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) – имкони ба даст овардани медалҳои биринҷиро аз даст доданд ва дар натиҷа ҳарсе ҷойҳои 5-умро соҳиб гаштанд.
Дастаи мунтахаби футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон (U-23), ки дар сабқати гурӯҳи «С” бо 6 имтиёз дувум шуд, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфт. Рақиби мунтахаби Тоҷикистон дар ин давр ғолиби гурӯҳи «D» — мунтахаби Ироқ — мебошад. Ин бозӣ имрӯз дар варзишгоҳи футболи «Инчон»-и шаҳри Инчон шурӯъ мешавад.
Дар сабқати тирпарронӣ барои аввалин бор дар Бозиҳои осиёӣ тими мунтахаби Тоҷикистон бо теъдоди зиёд — 11 варзишгар (6 марду 5 зан) — ширкат кард. Ба ҳайати дастаи мардона ва ҳам дастаи занона, аслан, варзишгарони ҷавони синнашон 14-18 — сола шомиланд. Натиҷаи нисбатан беҳтарро дар байни тирандозони тоҷик дар Бозиҳои XVII осиёӣ Малика Лагутенко нишон дод. Вай дар тирандозӣ аз милтиқ ба масофаи 10 метр бо 405,5 хол дар байни 54 нафар ширкаткунандагони мусобиқот ҷойи 40-умро гирифт.
Коршиносони соҳа аз варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс (Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов ), варзиши сабук (гурзандоз Дилшод Назаров), гуштии озод (Искандари Рустам, Залимхон Юсупов, Николай Ноев), гуштии юнониву румӣ (Муродҷон Тӯйчиев) ва таэквон-до WTF (Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов ва Моҳрӯ Ҳалимова) натиҷаҳои баланд, медалҳоро чашм доранд.
Ёдовар мешавем, ки дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ то 4-уми октябр идома мекунанд, ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули беш аз 150 нафар, аз ҷумла 91 варзишгар, ширкат дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






