Сафари Алмазбек Атамбаев ба Тоҷикистон
Душанбе, 11.09.2014 (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳамаи президентҳои давлатҳои аъзои Созмони Хамкории Шанхай барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ин Созмон вориди пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев низ бо ҳайати расмии кишвараш ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад. Меҳмони воломақомро дар фурудгоҳ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Бояд гуфт, ки шоми имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе бо иштироки сарони давлатҳои узви СҲШ ва дигар шахсони воломақоми расмии кишварҳои нозир ва давлатҳои шарики мусоҳибавии Созмон барномаи фарҳангӣ доир мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






