Сафари гурӯҳи корӣ ба ВМКБ

Сентябрь 24, 2014 11:04

Душанбе, 24.09.2014. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).-Гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ки аз 17-уми сентябри соли равон  барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар вилояти Бадахшон қарор дорад, бо мардуми як қатор навоҳии ин минтақа суҳбату мулоқотҳо анҷом дод.
Вохӯриҳо асосан дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъа, инчунин дар ҷамоату мактабҳо, литсейҳои касбӣ-техникӣ ва бо фаъолони ин минтақа ҷиҳати огоҳ намудани мардум доир аз навовариҳо дар қонунгузории амалкунандаи Федератсияи Русия сурат гирифтанд.
Дар ҷараёни мулоқотҳо навовариҳо дар қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, тарзи дуруст пур кардани варақаҳои муҳоҷиратӣ, гирифтани сертификат,  донистани забони русū,  таърих  ва фарҳанги  Русия, тафтиши шиносномаҳо аз тариқи сомонаи интернетии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ва  қоидаҳои будубоши кишвари қабулкунанда ба сокинон фаҳмонида шуданд.
Бояд зикр намуд, ки бо фармоиши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода аз 2 сентябри соли 2014 гурӯҳи корӣ  таъсис дода  шуда, мулоқоту вохўриҳо дар ин самт фаъолона идома доранд.
Лозим ба ёдоварист, ки сафари хизматии гурӯҳи корӣ ба ВМКБ  то 26 сентябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард.
 
 

Сентябрь 24, 2014 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд