Сафари Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистон ба Тоҷикистон

Сентябрь 11, 2014 09:36

Душанбе, 11.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дирӯз   Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Рустам Хамитов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Меҳмони олиқадрро дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода истиқбол намуд. 
Ёдовар мешавем, ки соли оянда раёсати СҲШ-ро Федератсияи Русия бар дӯш дорад ва соли 2015 ҷаласаи сарони давлатҳои узви СҲШ  дар шаҳри Уфаи Бошқирдистон доир мегардад. 
Вуриди меҳмонон ба кишвари мо идома дорад ва   ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ роҳбарони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Чин, Муғулистон ва Афғонистон имрӯз ба Тоҷикистон меоянд.

Сентябрь 11, 2014 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд