Сафари расмии Р. Раҳимзода ба Қирғизистон
Душанбе, 08.09.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Рӯзҳои 4-6-уми сентябри соли 2014 вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо-иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо сафари расмӣ қарор дошт.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки дар доираи сафари мазкур, 4-уми сентябр, дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон Рамазон Раҳимзода бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон Абдулда Суранчиев вохӯрӣ намуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқу аслиҳа, хариду фурӯши одамонро муҳокима намуданд.
Пас аз анҷоми вохӯрӣ Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расонида шуд, ки он ҳамкориҳои наздисарҳадӣ, мубодилаи иттилоот, ҷустуҷӯи шахсони дар кофтуков қарордошта ва дигар таҳдидҳоро бо истифода аз технологияи муосир дар бар мегирад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






