Сафари Шукурҷон Зуҳуров ба Афғонистон

Сентябрь 29, 2014 10:21

                       Душанбе, 29.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-  Субҳи имрӯз, 29- сентябр ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  доктор Муҳаммад Ашрафғанӣ  Аҳмадзай вориди Кобул гардид.
Дар сафар ба Афғонистон Шукурҷон Зуҳуровро Асозода Хайрулло -вазири нақлиёти ҷумҳурӣ, Зоҳидӣ Низомиддин-муовини вазири корҳои хориҷии кишвар ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
       Дар фурудгоҳи байналмилалии Кобул ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Отифмал Атикулло, волии вилояти Кобул Ҷаббори Тақво ва раиси шаҳри Кобул Муҳаммадюнуси Навандиш истиқбол намуданд.
         Дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳайати расмии  Тоҷикистон дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  доктор Муҳаммад Ашрафғанӣ  Аҳмадзай ширкат намуда, инчунин бо Абдулло Абдулло -раиси иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  ва Ҳомид Карзай, собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мулоқот менамоянд.

Сентябрь 29, 2014 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд