Санҷиши коршиноси САҲА дар МОИ «Суғд»
Душанбе, 2.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Коршиноси САҲА Горан Сумкоски аз маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид намуд. Горан Сумкоски барои дастгирии чор минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон ду моҳ боз санҷиш мегузаронад. Мақсад аз чорабинӣ додани тавсияҳо барои арзёбии вазъи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва расонидани кумаки зарурӣ барои рушди онҳост.Зимни суҳбат дар маъмурияти МОИ «Суғд» самтҳои афзалиятноки татбиқи лоиҳаҳои расонидани ёрӣ ба манзури тарҳрезии стратегияи рушд, ҷалби коршиносони ихтиёрӣ барои додани маслиҳат дар бахшҳои мухталифи фаъолият ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Бояд гуфт, ки Горан Сумкоски иқдомоти кормандони маъмуриятро ҷиҳати таҷдиду беҳдошти сифати иттилоот дар бораи имкониятҳои МОИ «Суғд» ба таври умум маъқул ёфта, дастгирӣ кард.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






