Сарқонун баробарҳуқуқии инсонҳоро кафолат медиҳад
Душанбе, 25.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бозомӯзии кормандони соҳа роҳандозӣ гардидааст.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар бозомӯзии навбатӣ сармутахассиси бахши ҳуқуқии ин ниҳод Пирназар Мискинов дар мавзӯи «Аҳамияти таърихии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафту тараққиёти ҷомеаи шаҳрвандӣ» сухан гуфт.
П. Мискинов аҳамияти Сарқонунро ҳамчун сарчашмаи асосии ҳуқуқии дорои эътибори олӣ, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар заминаи он қабул мешаванд, пешниҳоди ҳозирин намуд.
Зикр гардид, ки имсол Тоҷикистони соҳибистиқлол 20-умин солгарди рӯзи қабули ин санади муҳим ва сарнавиштӣ, ки баробарҳуқуқии инсонҳоро дар қаламрави кишвар новобаста аз нажод, дин, мазҳаб, ҳизбҳои сиёсӣ кафолат медиҳад, таҷлил менамояд ва тамоми тараққиёту таҳаввулоти соҳаҳои хоҷагии халқ дар партави Сарқонун амалӣ мешавад.
Дар бозомӯзӣ тамоми кормандони раёсату шуъба ва бахшҳои кумита иштирок намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






