Савганди 14 донишҷӯи тоҷик дар ДҲС
Душанбе, 4.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имсол 14 нафар фарзанди кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар барои хониш ба мактаби олии Русия равон шуд.
Дар Рӯзи дониш дар Донишкадаи ҳуқуқии Сибир (ДҲС)-и Хадамоти Федеролии Федератсияи Русия оид ба назорати маводи нашъаовар маъракаи супоридани дафтарчаи донишҷӯӣ ба донишҷӯёни факултаи умумӣ-ҳуқуқӣ ва факултаи омодагии мутахассисони хориҷӣ баргузор гардид.
Сардори донишкада И. Медведев донишҷӯёни бахши аввалро табрик намуда, изҳори боварӣ намуд, ки ин донишҷӯён кӯшишу ғайрати худро баҳри аз худ намудани касбу малака равона менамоянд.
Донишҷӯёнро бо иди касбиашон роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои ИДМ, аз ҷумла аз Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Осетияи Ҷанубӣ табрик намуданд.
Худи ҳамон рӯз курсантони бахши аввал барои мартабаи корманди мақомоти назорати маводи нашъаовар савганд ёд намуданд.
Тибқи анъана ба мақбараи ёдгории кормандоне, ки ҳангоми хизмат фавтидаанд, гул гузоштанд.
Чорабинӣ бо гузашти тантанавии кормандони ҷавони мақомоти назорати маводи нашъаовар — курсантони бахши 1-3-и Донишкадаи ҳуқуқии Сибир анҷом ёфт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






