Се рӯзи идонаи истироҳатӣ дар кишвар

Сентябрь 29, 2014 10:48

 Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Иди Қурбонро мардуми шарифи Тоҷикистон тибқи анъана бо шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Чанд рӯз қабл Шӯрои уламои кишвар таърихи баргузории ин иди диниро 5-уми октябр эълон намуд. 
Тибқи иттилои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  5-уми октябр, ки  ба рӯзи якшанбе рост меояд ва рӯзи муқаррарии истироҳатӣ маҳсуб мешавад, мутобиқан ин рӯз мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид дар Тоҷикистон» ба рӯзи душанбеи 6-уми октябр гузаронида мешавад ва рӯзи душанбе рӯзи ғайрикорӣ эълон мешавад.
 Ҳамин тавр мардуми кишвар се рӯз паи ҳам- 4,5 ва 6-уми октябр истироҳат мекунанд. 
 7 октябр рӯзи корист.
 Ёдовар мешавем, ки аз рӯи анъана Иди Қурбон бо намоз гузоштан  дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар оғоз гардида, сипас мардум ба дидорбинии волидайн, хешу табор, аёдати пирони барҷомонда, ятимону бепарасторон ва беморон рафта, иди Қурбонро муборак мегӯянд. 
Инчунин дар ин рӯз мардум ба сари манзили гузаштагони    худ рафта, дуою фотеҳа хонда,   арвоҳи  онҳоро  шод мегардонанд.
Яке аз фазилатҳои асосии Иди Қурбон  қурбонӣ кардан аст, ки дар Тоҷикистон нафарони зиёд ин фаризаро ба ҷо меоранд.  
Ба ҷо овардани маросими ҳаҷи фарзӣ аз рукнҳои асосии дини мубини Ислом буда, баргузории он ба арафаи Иди Қурбон рост меояд.  
 
 

Сентябрь 29, 2014 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад