Ш. Саид : «Вақти амал расидааст»

Сентябрь 22, 2014 13:30

 
Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).-Дар охири ҳафтаи гузашта дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии амволи содироти «ноҳияи мухтори Синҷону Уйғури ҶМЧ- Тоҷикистон 2014» Форуми соҳибкорони ноҳияи мухтори Синҷони Уйғур ва Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин бора аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Имрӯз бо дастгирии ҶМЧ дар ҷумҳурӣ лоиҳаҳои ҳаҷман калон дар амал татбиқ гардида, ҳамкории иқтисодӣ бо суръат ривоҷ ёфта, равобит дар бахшҳои илму техника густариш меёбад. Чин дар сиёсати иқтисодии хориҷии Тоҷикистон мавқеи бартариятро касб намудааст», — қайд намуд раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид.
 Шариф Саид ба манзури такмили инфрасохтори нақлиётӣ, ташаккулу таҷдиди роҳҳои транзитии нақлиёт пешниҳод намуд, ки ба тиҷорати мутақобила ва сармоягузорӣ бештар вусъат бахшида, масоили осон гардонидани тартиби тиҷорат ва истифодаи судманди неруи ҳамкории тиҷоратии минтақавӣ ҳал карда шаванд. «Вақти амал расидааст», афзуд Шариф Саид.
Мувофиқи суханони раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар, Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бахшҳои истеҳсоли муштараки маводи сохтмонӣ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ, бунёди иншоотҳои шаҳвандию саноатӣ, истеҳсоли маснуот аз пахта, абрешим ва ғайра мебошад.
Дар ҷараёни Форуми соҳибкорон маросими муррифии ширкатҳои Чин ва корхонаҳои Тоҷикистон, ҳамчунин гуфтушуниди аҳли тиҷорати ҳар ду кишвар баргузор гардид.
 
 

Тарҷумон, М. Шарифзода.

 

Сентябрь 22, 2014 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!