Шаҳодатномаи ДОМ ба хамкунандагони Тоҷикистону Афғонистон
Душанбе, 02.09.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Нуҳумин маросими хатми таҳсилро мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) 30 августи соли 2014 дар шаҳри Хоруғ доир намуд.
Тавре ки аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими хатми мактаб дар Хоруғ ба 220 хатмкунанда шаҳодатнома супурда шуд. Хатмкунандаҳои барномаи технологияи иттилоотии ДОМ соҳиби шаҳодатномаҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофгардидаи Иҷозатномаи байналмилалии компютерӣ ва Палатаи савдо ва саноати Лондон гардиданд. Бо шаҳодатномаҳои касбӣ хатмкунандаҳои барномаҳои таълимии «Технологияи муҳосибот» ва «Таҳсилоти касбӣ-техникӣ» сарфароз гардиданд. Хатмкунандаҳои курсҳои хазинадорӣ/муҳосибот, забони англисии академикӣ ва муоширатӣ соҳиби шаҳодатномаҳои хатм гардиданд. Ба хатмкунандаҳои курсҳои забонҳои русӣ, олмонӣ ва чинӣ барои муошират маълумотномаҳои дастовард дода шуданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






