Шаҳрдорӣ ба табақаҳои гуногуни ҷомеа кумак расонд
Душанбе, 10.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Шаҳрдории Душанбе ба ифтихори 23 -юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ /ҶБВ/ ва дигар табақаҳои ниёзманди пойтахт, ки 6 ҳазору 276 нафарро ташкил медиҳад, ба маблағи умумии 4 миллиону 973 ҳазору 800 сомонӣ кумаки якдафъинаи пулӣ расонд.
Аз ҷумла, ба 106 нафар маъюб ва иштирокчии ҶБВ-и солҳои 1941-1945, панҷ нафар ҳамсари ҷанговарони дар ҶБВ ҳалокгардида ва 3683 нафар корманди раёсатҳои истифодаи роҳҳои ноҳияҳои шаҳр 900 сомонӣ кумаки якдафъаина расонида шуд.
Инчунин ба 326 нафар оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд, 3 нафари дар муҳосираи Ленинград буда ва 1262 нафар оилаҳое, ки дар онҳо аз ду нафар зиёд маъюб зиндагӣ мекунанд, ба ҳар кадом ба андозаи 700 сомонӣ кӯмак ироа гардид. Ҳамзамон ба 70 нафар шахсони бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар акибгоҳ дар солҳои ҶБВ сарфарозгардида, 253 нафар шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, 112 нафар маъюби амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), 74 нафар маъюби рафъи садамаи Чернобил ва 280 нафар корманди сохторҳои сабзазоркунӣ ба андозаи 500 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






