Шахсияти зархарид муайян шуд
Душанбе, 6.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Аз ҷониби кормандони шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Хатлон муайян шуд, ки як шаҳрванди тоҷик дар Ҷумҳурии Сурия бар муқобили низомиёни Ҳукумати конститутсионии ин кишвар ҷангида, дар муҳорибаҳои ҳарбӣ иштирок дорад. Тибқи иттилои сомонаи расмии ВКД-и кишвар ин шахс Боронов Фаррухҷон, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб буда, моҳи феврали соли ҷорӣ ҳангоми дар Федератсияи Русия қарор доштанаш, бо мақсади дар роҳи ислом ҷиҳод намудан аз ин кишвар ба Ҷумҳурии Сурия рафта, ба ҳайати ташкилотҳои хусусияти террористидошта дохил мешавад. Тибқи иттилои манбаъ, нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт давом дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






