SHERATON» -ро ба истифода медиҳанд

Сентябрь 4, 2014 11:46

 
   Душанбе, 4.09.2014.(АМИТ “Ховар”,Марзия Саидзода).- 6 сентябр дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Душанбе боз як меҳмонхонаи замонавии панҷситорадор -«SHERATON» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Интизор меравад, ки дар маросими ифтитоҳи он Президенти кишвар, роҳбарияту намояндагони шаҳрдории Душанбе ва меҳмонон иштирок намоянд.
    Меҳмонхонаи «SHERATON» аз ҷониби ширкати «CHL International» -и Ҳиндустон дар кӯчаи Айнии Душанбе дар маcоҳати беш аз 24 ҳазор метри мураббаъ бо харҷи 55 миллион $ бунёд шудааст. Меҳмонхонаи «SHERATON» аз 15 ошёна иборат буда, дорои 148 ҳуҷра, тарабхона, толори зиёфат, ҳавзи шиноварӣ, қаҳвахона ва дигар имкониятҳои беҳтарини хизматрасонист.
     Сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори «SHERATON» 9 сол муқаддам, моҳи июли соли 2005 оғоз гардида, дар бунёди он дар қатори сохтмончиёни хориҷӣ, инчунин мутахассисони маҳаллӣ саҳм гузоштаанд. Интизор меравад, ки баробари ба фаъолият оғоз кардани меҳмонхонаи «SHERATON» беш аз 180 нафар шаҳрванд соҳиби ҷои кори доимӣ гардад.
   Меҳмонхонаи «SHERATON» марбут ба ширкати маъруфи амрикоии “Starwood” буда,  ин ширкат дар 100 кишвари ҷаҳон беш аз  1100 меҳмонхонаю истироҳатгоҳ дорад, ки қисмати бештараш таҳти тамғаи «SHERATON» фаъолият менамояд. 
 
 
 

Сентябрь 4, 2014 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд