Шоҳроҳи калонтарини Хуҷанд фурӯзон шуд
Душанбе, 5.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дирӯз фурӯзон намудани шоҳроҳи калонтарини вилояти Суғд: шоҳроҳи Хуҷанд- Бобоҷон Ғафуров дар раванди «Соли 2014- соли роҳҳои обод» ба итмом расида, он бо иштироки муовини раиси вилоят Хайрулло Амонулло ва раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдусамад Маннонзода расман мавриди истифода қарор дода шуд.Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ин шоҳроҳ 211 адад сутуни барқӣ бо 422 адад фурӯзонаки каммасрафи диодӣ шинонида шуда, сутунҳо бо 211 адад лампаи ороишӣ ҷиҳозонида шуд, ки бо шаҳомати зебо рӯшноӣ медиҳанд.Бояд гуфт, ки истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф истифодаи қувваи барқро ду маротиба кам мекунад. Агар бо лампаҳои муқаррарӣ дар як сол 500 ҳазор кВт/соат қувваи барқ истифода намоянд, шабакаи нави рӯшноидиҳӣ ҳамагӣ дар як сол 246 ҳазор кВт/соат қувваи барқ истифода менамояд.Зимнан, дарозии шоҳроҳи Хуҷанд Бобоҷон Ғафуров 6450 метр буда, бо якҷоягӣ бо кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд ба ба 14 950 метр мерасад, ки яке аз хиёбонҳои дарозтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.Шоҳроҳ шаҳри Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои Чкалов, Бобоҷон Ғафуров ва Қайроққумро, ки дар онҳо ҷамъ 589 ҳазор аҳолӣ зиндагонӣ мекунад, пайваст менамояд.Дар шоҳроҳи мазкур 6 бозори калон, 7 адад маркази савдои бузург, 8 нуқтаи таъминот бо сӯзишворӣ, силсилаи коргоҳҳою муассисаҳо ҷойгир шуда, дар онҳо зиёда аз 10 ҳазор соҳибкору корманд фаъолият дорад.Аз рӯи маълумоти оморӣ аз тариқи шоҳроҳ дар як сол зиёда аз 8,7 миллион тонна бор кашонида шуда, гардиши молу маҳсулотро ба маблағи зиёда аз 2,5 миллиард сомонӣ таъмин менамояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






