«Шоми дӯстӣ» бе муболиға тараннумгари дӯстиву рафоқат буд
Душанбе, 12.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Шоми 11 сентябр дар муҷтамаи давлатии «Кохи Борбад»-и Душанбе ба ифтихори ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай барномаи консертии бошукӯҳ таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид, ки дар он сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай- Эмомалӣ Раҳмон, Си Ҷинпин, Владимир Путин, Нурсултон Назарбоев, Ислом Каримов, Алмазбек Отамбоев, инчунин роҳбарону намояндагони созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонони воломақом аз кишварҳои хориҷӣ ширкат доштанд.
Барномаи консертии «Шоми дӯстӣ» тараннумгари дӯстию рафоқат ва ҳамраъйию ҳамгироии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай буда, дар он аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи тоҷик суруду таронаҳои мардумони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай хеле олӣ сароида шуданд.
Толори «Кохи Борбад» ва саҳнаи он аз рӯи хусусияти хос ва суннатҳои олии ҳар як кишвари аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ороиш дода шуда, таҳкимбахши бародарию дӯстии кишварҳои аъзои ин созмони бонуфузи рушдёбанда буд. Дар маҷмӯъ, баргузории консерти «Шоми дӯстӣ» тарғибгари фарҳангу тамаддуни мардуми кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай буда, он бори дигар густариши равобит ва ҳамгироию ҳусни ҳамҷавории кишварҳои аъзои созмонро собит сохт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






