Си Тзинпин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд

Сентябрь 8, 2014 14:47

 Душанбе, 8.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Си Тзинпин -Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин 11 сентябр бо нахустин сафари давлатӣ  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд.
           Назар ба иттилои Абулфайз Атоев -сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати  хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  маросими истиқболи расмии Си Тзинпин дар майдони назди Қасри миллат сурат гирифта, ҳамзамон дар Қасри миллат мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Тзинпин доир мегардад. Интизор меравад, ки дар доираи сафари давлатии Си Тзинпин ба Тоҷикистон маҷмӯи санадҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун байни Тоҷикистону Чин ба имзо расонида шавад.  
             Ҳамзамон дар доираи сафараш Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Тзинпин ба Тоҷикистон бо раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот менамояд.
    Си Тзинпин инчунин дар маросими расмии анҷоми сохтмони  навбати якуми  Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ва гузоштани хишти  нахустини  сохтмони навбати дуюми маркази мазкур иштирок менамояд.
       Дар фарҷоми сафари давлатиаш Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар маросими оғози сохтмони лӯлаи интиқоли  гази «Осиёи Марказӣ -Хитой» ширкат меварзад.

Сентябрь 8, 2014 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад