Си Тзинпин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд
Душанбе, 8.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Си Тзинпин -Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин 11 сентябр бо нахустин сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд.
Назар ба иттилои Абулфайз Атоев -сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маросими истиқболи расмии Си Тзинпин дар майдони назди Қасри миллат сурат гирифта, ҳамзамон дар Қасри миллат мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Тзинпин доир мегардад. Интизор меравад, ки дар доираи сафари давлатии Си Тзинпин ба Тоҷикистон маҷмӯи санадҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун байни Тоҷикистону Чин ба имзо расонида шавад.
Ҳамзамон дар доираи сафараш Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Тзинпин ба Тоҷикистон бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот менамояд.
Си Тзинпин инчунин дар маросими расмии анҷоми сохтмони навбати якуми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ва гузоштани хишти нахустини сохтмони навбати дуюми маркази мазкур иштирок менамояд.
Дар фарҷоми сафари давлатиаш Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар маросими оғози сохтмони лӯлаи интиқоли гази «Осиёи Марказӣ -Хитой» ширкат меварзад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






