Симпозиуми байналмилалӣ дар Душанбе

Сентябрь 23, 2014 10:12

Душанбе, 23.09.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Аз 24-ум то 28-уми сентябри соли равон дар Академияи илмҳои Тоҷикистон (АИТ) симпозиуми байналмилалии “Таҳқиқоти ҷараёни инкишофию молекулавӣ дар илмҳои маводшиносӣ ва биологӣ” доир мегардад.
Бино ба иттилои АИТ, дар кори конфронс, ки усулҳои ҳисоби молекулавӣ бо компютер, усулҳои молекулавӣ-динамикӣ ва монте-карло, моделҳои молекулавии биологӣ (ДНК, РНК, сафедаҳо, ферментҳо, сабабҳои пайдоиши тағйироти генӣ), моделҳои молекулавии маводҳои навини физикӣ, химиявӣ ва биологӣ, роҳҳои кашфи доруҳои навин дар биология ва илми тиб, роҳҳои боз ҳам инкишоф додани ҳисоббарорӣ дар компютер баррасӣ мегарданд, олимон аз кишварҳои Ҷопон, Фаронса, Корея, Русия ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Гуфта мешавад, ки баргузории симпозиуми мазкур дар рушди илми имрӯза ва ояндаи тоҷик мавқеи арзанда мегузорад ва олимони ҷавони тоҷик дар ин самти ҳамкориҳо метавонанд дониши хешро дар Ҷопон, Русия ва дигар кишварҳои хориҷӣ сайқал диҳанд.   

Сентябрь 23, 2014 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд