«Сиёсати ягонаи давлатии экологӣ» дар маркази нав

Сентябрь 22, 2014 10:03

Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавчуда Анварӣ).-Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши касбии кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар назди бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Қайроққум Маркази бозомўзӣ таъсис ёфт. 
Зимни ифтитоҳи марказ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хайрулло Ибодзода таъкид намуд, ки ин якумин маркази бозомӯзиест, ки дар ҷумҳурӣ ташкил гардид ва ин падида на танҳо барои баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист мусоидат мекунад, инчунин ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ низ созгор буда метавонад.
Худи ҳамон рўз дар Марказ семинари бозомўзӣ таҳти унвони «Сиёсати ягонаи давлатии экологӣ» баргузор шуда, дар он намояндагони кумита дар мавзўъҳои пешбурди сиёсати давлатии экологӣ, зарурати таҳияи дастурамалҳо, сиёсати давлатӣ дар самти ташхиси давлатии экологӣ, таъмини риояи хати муҳофизатии манбаъҳои обӣ, назорати давлатӣ дар самти олами набототу ҳайвонот, усулҳои тартиб додани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, усулҳои ҳисоб намудани пардохтҳои ҳатмии экологӣ сухан гуфтанд. 

Сентябрь 22, 2014 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад