СММ ба таҳкими ҳамкорӣ бо СҲШ омода аст
Душанбе, 12.09.2014. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ифтитоҳ ёфт, ки дар он муовини Дабири кулли СММ оид ба масоили сиёсӣ Ҷеффри Фелтман иштирок намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки СММ омодааст ҳамкориро бо СҲШ ба манзури таъмини суботи минтақа таҳким бахшад. Номбурда даъват намуд, ки мубориза барои амнияту шукуфоии Афғонистон вусъат дода шавад. «Яке аз масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи умумии мо иборат аз дигаргунсозиҳо дар бахши амнияти Афғонистон ва то охири соли ҷорӣ аз ин кишвар хориҷ намудани қувваҳои байналмилалист. СҲШ ва давлатҳои аъзои он ҷонибдории худро аз ҳалли масоиле иброз доштанд, ки барои тамоми ҷаҳон ва суботи ояндаи Афғонистон муҳиманд», — афзуд Ҷеффри Фелтман.Номбурда қайд намуд, ки саъю кӯшишҳои кишварҳои СҲШ барои рафъи хавфу хатари терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамчунин муборизаи онҳо алайҳи фаъолияти ғайриқонунии иқтисодӣ ба таҳкими амнияти Афғонистон ҳиссаи муҳим мегузоранд. Номбурда зикр намуд, ки самарабахшии ин чорабиниҳо зарурати таъмини эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсонро тақозо мекунад.Намояндаи СММ сарони минтақаро даъват намуд, ки ҳаҷми тиҷорат бо Афғонистонро вусъат бахшида, барои рушди инфрасохтори ин кишвар бештар маблағгузорӣ намоянд. Ба гуфтаи мавсуф, чунин иқдом ба тамоми минтақа фоида меорад. Муовини Дабири кулли СММ изҳор дошт, ки Созмон омодааст ҳамкориро бо СҲШ таҳким бахшад. Мувофиқи суханони мавсуф, маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ метавонад, ки дар ин амр мақоми муҳимро касб намояд. Тарҷумон – Шарифзода М.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






