Сохтмони истгоҳи барқӣ дар Хуҷанд

Сентябрь 8, 2014 10:08

Душанбе, 8.09.2014. (АМИТ «Ховар», Заранези Латиф).- Дар маҳаллаи 28-уми шаҳри Хуҷанд сохтмони истгоҳи барқӣ оғоз гардид. 
Тибқи иттилои мақомоти маҳаллӣ дар Хуҷанд, истгоҳи барқӣ дар масоҳати 4 гектар бунёд шуда, он аз ду зеристгоҳи барқӣ, ки иқтидори ҳар кадоми он 16 ҳазор киловолт -ампер аст, иборат хоҳад буд.
Корҳои сохтмонӣ ва васлу танзимро идораи «Тоҷикгидроэнергомонтаж» ба зимма дорад.
Аз рӯи нақшаи идораи номбурда истгоҳи нави барқӣ моҳи марти соли 2015 мавриди истифода қарор дода мешавад.
Гуфта мешавад, ки маблағи умумии корҳои пешбинишуда 21 миллион евроро ташкил дода, маблағгузории он тибқи лоиҳаи «Паст намудани сатҳи талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд» аз ҳисоби  Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки сармоягузории Аврупо ва Комиссияи Аврупо сурат мегирад.

Сентябрь 8, 2014 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад