Сохтмони истгоҳи барқӣ дар Хуҷанд
Душанбе, 8.09.2014. (АМИТ «Ховар», Заранези Латиф).- Дар маҳаллаи 28-уми шаҳри Хуҷанд сохтмони истгоҳи барқӣ оғоз гардид.
Тибқи иттилои мақомоти маҳаллӣ дар Хуҷанд, истгоҳи барқӣ дар масоҳати 4 гектар бунёд шуда, он аз ду зеристгоҳи барқӣ, ки иқтидори ҳар кадоми он 16 ҳазор киловолт -ампер аст, иборат хоҳад буд.
Корҳои сохтмонӣ ва васлу танзимро идораи «Тоҷикгидроэнергомонтаж» ба зимма дорад.
Аз рӯи нақшаи идораи номбурда истгоҳи нави барқӣ моҳи марти соли 2015 мавриди истифода қарор дода мешавад.
Гуфта мешавад, ки маблағи умумии корҳои пешбинишуда 21 миллион евроро ташкил дода, маблағгузории он тибқи лоиҳаи «Паст намудани сатҳи талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд» аз ҳисоби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки сармоягузории Аврупо ва Комиссияи Аврупо сурат мегирад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






